Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" ба рӯйхати бошгоҳҳои машҳури футболи Осиёи Марказӣ ворид шудааст


Бозигарони дастаи "Равшан"
Бозигарони дастаи "Равшан"

Сомонаи расмии Конфедератсияи футболи Осиё (the-afc.com) рӯйхати даҳ бошгоҳи маъруфтарини Осиёи Марказиро нашр кард, ки ба он “Равшан”-и Кӯлоб, “Истиқлол”-и Душанбе ва “Истаравшан”-и Истаравшан шомил шудаанд. Дар рӯйхат аз чаҳор бошгоҳи футболи Узбекистон, ду бошгоҳи футболи Қирғизистон ва як бошгоҳ аз Туркманистон низ ёдоварӣ шудааст.

“РАВШАН” (Кӯлоб)

Бошгоҳи футболи “Равшан”, ки дар миёнаи солҳои 60-ум таъсис ёфтааст, дар вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст ва дар ин минтақа ҳазорҳо мухлисони вафодору дилсӯз дорад.

“Равшан” яке аз аввалин бошгоҳҳои футболи Осиёи Марказист, ки соли 1994 бори аввал дар мусобиқаи қитъавӣ, дар Ҷоми барандагони ҷомҳои Осиё ширкат кардааст. “Равшан”, ки солҳои 2012 ва 2013 унвони қаҳрамони Тоҷикистонро ба даст овард, дар мавсими соли 2020 барандаи Ҷоми миллӣ гардид, инчунин ба Лигаи олии футболи кишвар баргашт.

Тими "Истиқлол"
Тими "Истиқлол"

“ИСТИҚЛОЛ” (Душанбе)

Бошгоҳи муосири футболи Тоҷикистон – “Истиқлол” аз замони таъсисёбиаш – моҳи ноябри соли 2007 нӯҳ бор, аз ҷумла ҳафт соли ахир пайиҳам, дар Лигаи олии кишвар ғолиб шудааст. Барандаи Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё дар соли 2012 мебошад,

“Истиқлол” солҳои 2015 ва 2017 мизбони бозиҳои ниҳоии Ҷоми AFC буд, аммо дар ҳузури 20 000 тамошогар дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар ҳарду бозии ниҳоӣ бо ҳисоби якхелаи 0-1 шикаст хӯрд.

Бозигарони дастаи "Истаравшан"
Бозигарони дастаи "Истаравшан"

“ИСТАРАВШАН” (Истаравшан)

Бошгоҳи футболи “Истаравшан”, ки дар шимоли кишвар, дар байни марзҳои Узбекистону Қирғизистон ҷойгир аст, аз соли 1938 фаъолият карда, дар мусобиқоти солҳои 80-уми қарни гузаштаи Тоҷикистони Шӯравӣ борҳо муваффақ гаштааст.

Бо вуҷуди онки дар замони истиқлоли Тоҷикистон бошгоҳи маҳаллӣ таърихи мураккабро аз сар гузаронида, ба иллати муфлисшавӣ аз мусобиқот хориҷ шуд, ҳоло “Истаравшан” бо дастгирии ҳаводорони худ боз мавқеашро дар Лигаи олӣ нигаҳ дошт.

Рӯйхати пурраи маъруфтарин бошгоҳҳои футбол дар Осиёи Марказӣ, ки онро Конфедератсияи футболи Осиё (АFC) дар сомонаи расмии худ нашр кардааст:

  • Бошгоҳи футболи “Пахтакор” (Узбекистон)
  • Бошгоҳи футболи “Бунёдкор” (Узбекистон)
  • Бошгоҳи футболи “Насаф” (Узбекистон)
  • Бошгоҳи футболи “Навбаҳор” (Узбекистон)
  • Бошгоҳи футболи “Дордой” (Қирғизистон)
  • Бошгоҳи футболи “Олой” (Қирғизистон)
  • Бошгоҳи футболи “Равшан” (Тоҷикистон)
  • Бошгоҳи футболи “Истиқлол” (Тоҷикистон)
  • Бошгоҳи футболи “Истаравшан” (Тоҷикистон)
  • Бошгоҳи футболи “Олтин Асир” (Туркманистон)
XS
SM
MD
LG