Дариға Назарбоева, духтари калонии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба мақоми вакилии порлумон аз ҳизби "Нур Отан" номзад шуд. Ин ҳизбро падари вай роҳбарӣ мекунад.
Рӯйхати 126 номзад ба мақоми вакилӣ аз сӯи ҳизби "Нур Отан" рӯзи 25 ноябр дар анҷумани онлайнии ҳизби мазкур тасдиқ шуд.
Дариға Назарбоева дар рӯйхат дар мақоми 49 қарор дорад. Раиси кунунии порлумони Қазоқистон Нурлан Нигматулин ва сарвазири кунунии он кишвар Аскар Мамин низ дар рӯйхати номзадҳои ҳизби "Нур Отан" шомил шудаанд.
Дариға Назарбоева узви шӯрои сиёсии "Нур Отан" аст.
Баъди рафтан аз мақоми раиси сенати порлумони Қазоқистон дар моҳи майи соли ҷорӣ Дариға Назарбоева ба нудрат дар мазҳари ом пайдо мешавад.