Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, бар ивази $100 ҳазор ба хориҷиҳо шаҳрвандӣ дода шавад


Шиносномаи қирғизӣ. Акс аз бойгонӣ.
Шиносномаи қирғизӣ. Акс аз бойгонӣ.

Вакили порлумони Қирғизистон Достон Бекешев пешниҳод кардааст, ба афроде шаҳрвандии ин кишвар дода шавад, ки барои пардохти қарзи давлатӣ пул медиҳанд.

Ба шаҳрвандони хориҷӣ пешниҳод шудааст, ки бо гузаронидани 100 ҳазор доллар ба ҳисоби махсус барои пардохти қарзи давлатии Қирғизистон метавонанд, шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кунанд. Ин нукта дар лоиҳаи қонуне зикр шуда, ки аз сӯи вакилони порлумон таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод гаштааст.

Ба гуфтаи Бекешев, дар сурати қабули қонун Қирғизистон "нахустин кишвари Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, ки бар ивази сармоягузорӣ шаҳрвандӣ медиҳад".

Маҳдуд шудани муҳлати иҷрои қонун ҳам зикр гаштааст. Иҷрои он баъди сармоягузории шаҳрванди 50000-умин манъ мешавад. Вакили порлумони Қирғизистон дар шарҳи пешниҳодаш гуфтааст, ки аз ин роҳ мешавад 5 миллиард доллар қарзи давлатии кишварашро пардохт кард.

Иҷрокунандаи вазифаҳои президент ва сарвазири Қирғизистон Содир Ҷабборов хабар дод, ки барои ҷамъоварии маблағ ва пардохти қарзи давлатии ин кишвар аз Чин ҳисоби махсуси бонкӣ боз мешавад.

Ӯ 4 ноябр дар вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон дар посух ба суолҳо дар бораи қарзҳои хориҷӣ изҳор дошт, "соҳибкорон ва муҳоҷироне, ки ба ман бовар мекунанд, барои пардохти қарз аз Чин ҳисоби махсуси бонкӣ боз менамоянд. Ин масъала дар давоми ду-се ҳафта ҳал мешавад. Мо шаффофияти ҳисобҳоро таъмин мекунем".

Ба огаҳии Вазорати молияи Қирғизистон, қарзи хориҷии ин кишвар то 30 июни соли равон 4 миллиарду 169,6 миллион долларро ташкил медод, ки 1 миллиарду 776,29 миллион доллари он аз "Эксимбонк"-и Чин гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG