Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳургарон дар Ереван истеъфои нахуствазир Никола Пашинянро талаб карданд


Тазоҳургарон дар Ереван, 21 ноябр, 2020.
Тазоҳургарон дар Ереван, 21 ноябр, 2020.

Дар майдони Озодии шаҳри Ереван бори дигар гирдиҳамоӣ барпо шуд. Дар рӯзи гирдиҳамоӣ ҳайати ҳукумати Русия дар Арманистон қарор дошт.

Ҳайати Русия аз вазири умури хориҷӣ Сергей Лавров, вазири мудофиа Сергей Шойгу, вазири ҳолатҳои фавқулода Евгений Зиничев ва чанд вазири дигар иборат буд.

Шойгу ва Лавров бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян мулоқоти як ба як доштанд. Мавзуи асосии ин гуфтугӯҳо вазъи Қарабоғи Куҳӣ буд.

Лавров гуфт, ба Ереван бо барномаи бузурги барқарории зиндагии осоишта дар Қарабоғи Куҳӣ омадааст. Вай хабар дод, вазъ комилан зери назорати неруҳои посдори сулҳи Русия аст. Неруҳои Русия дар Қарабоғ 23 дидбонгоҳ таъсис додаанд.

Ҳайати Русия аз Арманистон ба Озарбойҷон рафт.

Садҳо одам дар маркази шаҳри Ереван роҳҳои мошингардро баста, истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб карданд.

Расонаҳо менависанд, ки пулис роҳбандонро боздошт мекунад.

Эътирозҳо дар Ереван шаби 10 ноябр, билофосила баъди имзои созишномаи қатъи ҷанг дар Қарабоғи Куҳӣ ташкил шуданд. Бино ба созишнома, Арманистону Озарбойҷон мавқеъҳоеро ҳифз мекунанд, ки дар замони бастани созишнома неруҳояшон қарор доранд.

Мухолифон истеъфои Пашинян ва бекорсозии созишномаро талаб доранд. Рӯзи 12 ноябр бештар аз 10 роҳбари мухолифон бо айби ташкили эътирозҳои ғайриқонунӣ боздошт шуд.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябри соли равон якбора шиддат гирифта буд. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ гашт. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом карданд.

Низои Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

XS
SM
MD
LG