Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои аврупоӣ пеш аз Соли Нав бархе маҳдудиятҳоро лағв мекунанд


Кишварҳои аврупоӣ зоҳиран ба коҳиши маҳдудиятҳо, ки аз нимаи фасли тирамоҳ ҷорӣ шудааст, омодагӣ мегиранд.

Иқтисод ва тиҷорати хурд пас аз маҳдудиятҳо зиён дидааст ва идомаи он метавонад зарарро бештар кунад.

Эмануэл Макрон, президенти Фаронса ҳафтаи оянда суханронӣ хоҳад кард ва эҳтимол аз сабуктар кардани маҳудиятҳои ҷоришуда хабар диҳад, ки аз 30-юми октябр ҷорӣ шудааст.

Эҳтимол аз нав мағозаҳои басташуд, мисли маконҳои фуруши либосу бозича боз шаванд.

Жан Кстек, сарвазири Фаронса рӯзи 21-уми ноябр гуфт, ки ин "давоми чанд рӯзи оянда" амалӣ хоҳад шуд.

Дар Британияи Кабир низ аз лағви маҳдудиятҳо, ки то 2-юми декабр пешбинӣ шудааст, хабар доданд.

Мақомоти Полша хабар доданд, ки аз 28-уми ноябр ба боз шудани маконҳои савдо иҷозат хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG