Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео аз Толибон даъват кард, ки оташбаси доимӣ кунанд


Майк Помпео дар Қатар
Майк Помпео дар Қатар

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико аз раҳбарони Толибон даъват кардааст, ки дар бораи поён додани ҷанг ва оташбаси доимӣ дар Афғонистон музокира кунанд.

Ин мақомдори амрикоӣ рӯзи 21-уми ноябр ба Қатар сафар карда буд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар як изҳорот гуфт, ки Помпео бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раҳбари Толибон ва дигар аъзои гуруҳи музокиротӣ мулоқот карда, ба коҳиши хушунат даъват кард.

Ба гуфтаи сухангӯ, Помпео даъват кардааст, ки зудтар ба хушунатҳо поён дода шавад.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико 20-уми нобяр хабар дода буд, ки Помпео қасд дорад ба таври ҷудогона бо намояндагони давлати Афғонистон ва ҳайати Толибон дар Доҳа, ки ба маркази дипломатии ин гуруҳ табдил шудааст, дидор кунад.

XS
SM
MD
LG