Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия 11 посбонро ба зиндон маҳкум карданд


Муҳокимаи посбонон дар моҳи феврал.
Муҳокимаи посбонон дар моҳи феврал.

Додгоҳи шаҳри Ярославли Русия 11 посбони собиқи зиндоне дар ин шаҳрро бо гуноҳи азобу шиканҷаи маҳбусон ба зиндон маҳкум кардааст. Додгоҳи ноҳияи Заволжйе рӯзи 19-уми ноябр 11 нафари онҳоро аз то ба чаҳор солии зиндон маҳкум кард. Шаш нафари дигарро бо назардошти муҳлати боздошташон дар зиндон, раҳо кардаанд.

Ирина Бирюкова, вакили дифои Евгений Макаров, зиндониёни осебдида ҳукми посбонони собиқро бисёр сабук хонда ва гуфтааст, ки ба додгоҳи болоӣ шикоят мекунад.

Нашрияи “Новая Газета” соли 2017 видеоро нашр кард, ки дар он дида мешавад, 17 посбони зиндон Макаровро, ки рӯи мизе хобидааст, мезананд. Видео хашми ҷомеаи Русияро барангехт ва баъди ин мақомоти интизомӣ посбононро дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG