Имрон Хон нахуствазири Покистон барои дидору гуфтугу бо Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 19-уми ноябр вориди шаҳри Кобул шуд. Сафар дар замоне сурат мегирад, ки музокироти ҳукумати Афғонистон бо Толибон барои хотима додан ба ҷанг ба пешрафте ноил нашудааст ва хушунату хунрезӣ ҳам зиёд шудааст.
Музокирот дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар сурат мегирад. Пас расидан ба мақоми нахуствазир дар соли 2018 Имрон Хон бори аввал аст, ки ба Афғонистон сафар мекунад. Чанд рӯз пештар аз ин сафар Амрико эълон кард, ки теъдоди сарбозонашро дар Афғонистон, ки 4500 нафаранд, коҳиш дода, то нимаи январи соли оянда ба 2500 нафар мерасонад.
Раиси ҷумҳур Доналд Трамп, ки дар интихоботи моҳи ноябр аз рақиби демократаш Ҷо Байден шикаст хӯрд, мехоҳад ҳузури 19-солаи сарбозони Амрико дар Афғонистонро то рафтанаш дар моҳи январ хотима диҳад. Раҳбарони Афғонистон ба Покистон боварии зиёд надоранд ва дар ду даҳсолаи гузашта онҳоро ба ҳимоят аз Толибон ва кӯмак ба ин гуруҳи тундрав муттаҳам кардаанд.
Давохон Минопал, яке аз сухангӯёни Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки ҳадафи аслии сафари Имрон Хон, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорат байни ду кишвар аст, вале муҳимтарин масъала мубориза бо ифротгароӣ дар минтақа мешавад.