Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти волидони кудакони маъюб ва табибони "Ёрии таъҷилӣ" дар Қазоқистон 


Дар назди бинои шаҳрдории Нурсултони Қазоқистон сарфи назар аз сард будани ҳаво ду ҳамоиши эътирозӣ - тазоҳуроти хонаводаҳои дорои фарзанди маъюб ва табибоне баргузор шуд, ки пардохти иловапулиро талаб доранд.

Кормандони "Ёрии таъҷилӣ"-и пойтахти Қазоқистон аллакай се моҳ мешавад, адолатро ҷустуҷӯ доранд. Онҳо мегӯянд, аз аввали тирамоҳ иловапулиро барои кор бо мубталоёни коронавирус дарёфт накардаанд. Мақомоти қазоқ гуфтаанд, онҳо дигар бо гирифторони вирус тамос надоранд ва бинобар ин, пардохти изофапулӣ қатъ шудааст.

"Чи хел мо тамос надорем? Мо ҳар рӯз аз беморон озмоиш мегирем. Ҳанӯз ҳам бархе аз ҳамкорони мо ба вирус мубтало мешаванд. Бархе аз шаҳрвандон ба мо мустақиман муроҷиат мекунанд. Мегӯянд, "ёрии таъҷилӣ" намеравад ва маҷбур шудаанд, ки худашон биоянд. Натиҷаи озмоиши бархеашон мусбат аст", - гуфт як корманди "Ёрии таъҷилӣ"-и Нурсултон.

Дар назди бинои шаҳрдории Нурсултон 18 ноябр волидони кудакони маъюб низ ҷамъ омада буданд.

"Кормандони шаҳрдорӣ ба ман тариқи ипотека хона медиҳанд ё манзили иҷораеро пешниҳод мекунанд, ки тавони пардохти пулашро надорам. Ман даромад надорам. Ягона даромад кумакпулӣ барои маъюбӣ аст, ки он ҳам дар хариди доруҳои гаронарзиш сарф мешавад. Ман ба гуруҳи онҳое шомил намешавам, ки тариқи ипотека ё иҷора манзил дарёфт мекунанд", - мегӯяд Муҳаббат Муҳаметова.

Хонаводаҳои дорои фарзанди маъюб талаб доранд, ки онҳоро ба монанди оилаҳои серфарзанд ва ятимон ба рӯйхати алоҳида шомил кунанд. Дар ин сурат онҳо метавонанд бидуни навбат хона дарёфт кунанд. Вале дар шаҳрдории пойтахти Қазоқистон гуфтанд, ки феълан ин имкон надорад.

Дар ҳоли ҳозир дар пойтахти Қазоқистон ҳудуди 47 ҳазор одам барои манзил дар навбат истодаанд. Аз ин миён наздики 6 ҳазорашон хонаводаҳое ҳастанд, ки кудакони маъюб доранд.

XS
SM
MD
LG