Хабари зоҳиран муассир будани воксинаи дуюми зидди коронавирус рӯзи 16-уми ноябр хуш пазируфта шуд, дар ҳамин ҳол дар ИМА эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои нави марбут ба пандемияи COVID-19 вуҷуд дорад. Воксинаи дуюме, ки қарор аст дар борааш моҳи ҷорӣ хабари расмӣ нашр шавад, мисли воксинаи аввал то ҳол нишон додааст, ки дар 90 дарсади ҳолатҳо натиҷаи мусбат дорад ва умед барои аз байн бурдани ин бемории марговарро бештар мекунад. Воксинаи мазкур аз ҷониби ширкати Moderna санҷида шуда, дар марҳилаи сеюми озмоишҳо нишон додааст, ки дар 94,5 дарсади ҳолатҳо муассир мебошад. Агар ин воксина ба таври изтирорӣ иҷозаи истифодаи сохторҳои дахлдори ИМА-ро дарёфт кунад, шонси дар моҳи оянда ба дасти миллионҳо кормандони тиб ва қишри осебпазир расидани ин мавод вуҷуд дорад. Ин хабар дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта айни чунин натиҷаҳоро ширкати Pfizer ва ҳамкори олмониаш BioNTech ба даст оварданд ва умеди пешгирӣ аз гирифторӣ ба коронавирус дар ИМА ва Аврупо бештар шуд. Дар ҳафтаи гузашта ба ҳисоби миёна дар ИМА рӯзе 145 ҳазор нафари нав ба коронавирус олуда шудааст ва то 16-уми ноябр беш аз 70 ҳазор сокини Амрико бо ҳамин беморӣ бистарӣ шудаанд. Оҷонсии Рейтерс мегӯяд, ки ин омор назар ба гузаштаҳо баландтарин мебошад.