Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майк Помпео ба Гурҷистон меравад


Майк Помпео, котиби давлатии ИМА
Майк Помпео, котиби давлатии ИМА

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео қарор аст рӯзи 17-уми ноябр барои баррасии масоили дифоъ ва амният бо раҳбарияти Гурҷистон ба Тифлис сафар кунад. Помпео, ки дар як сафари корӣ қарор дорад, шоми сешанбе аз Туркия вориди Гурҷистон мешавад. Рӯзи 18-уми ноябр Помпео бо президент Саломе Зурабишвили, нахуствазир Гиорги Гахариа, вазири хориҷа Давид Залкалиани, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешвои калисои ортодокси гурҷӣ Илияи 2 мулоқоту гуфтугӯ хоҳад кард. Дар гуфтугӯҳои баландпояи дипломатӣ ҳамкориҳои стратегии миёни ИМА ва Гурҷистон баррасӣ мешавад ва ин бахш, ба навиштаи вазорати умури хориҷии Гурҷистон, домани ҳамкориҳоро аз танҳо амнияту дифоъ то тиҷорату маориф ва фарҳанг густурдатар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG