Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Босния миллатгароҳо дар шаҳрҳои калон мағлуб шуданд


Боқир Изетбегович, 15-уми ноябр
Боқир Изетбегович, 15-уми ноябр

Ҳизбҳои оппозитсионии кишвари балкании Босния дар ду шаҳри азим пирӯз шуда миллатгароҳои собиқадор дар қудратро мағлуб карданд. Дар пойтахти Боснияву Ҳерсоговина шаҳри Сараево ҳизби Амали демократии Босния, ки раҳбараш Боқир Изетбегович аст, мағлубияташро эътироф кард, чун аз чор шаҳрдорӣ дар сетоаш мағлуб шуд. Дар Банйя Лука, маркази маъмурии Ҷумҳури Српска ҳизби оппозитсионии Пешрафти демократӣ мақоми шаҳрдорро бурд. Дар гузашта ин мақомро намояндаи ҳизби Эътилофи мустақили сотсиал-демократҳои ба раҳбарии сербҳо дар даст дошт. Комиссиюн маркази интихоботҳо гуфт, ки дар интихобот нисфи 3,3 миллион аҳолии қобили раъй овоз дод. Қарор буд интихобот 4-уми октябр баргузор шавад, вале ҳукумат дар қабули буҷаи миллӣ ва маблағгузории интихобот таъхир кард. Аз замони хатми ҷанги солҳои 1992-95-и Босния ҳизбҳои миллатгарои босниягӣ, сербӣ ва хорватӣ қудратдро дар даст нигоҳ доштаанд. Вале интиқод аз шеваи бархӯрд бо бӯҳрони коронавирус ва моҷароҳои атрофи таъмини таҷҳизоти тиббӣ боиси тақвияти мавқеи мухолифон шуд.

XS
SM
MD
LG