Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоишҳои нави коронавирус дар ИМА


Паррандаҳо дар фазои Кохи Сафед. Вашингтон, 8-уми ноябр

Волии ду аёлат дар Амрико рӯзи 15-уми ноябр аз афзоиши ҳодисаҳои олудашавӣ ба коронавирус бонги изтироб зада, яке аз наздикони оилаи президенти мунтахаб Ҷо Байден ҳушдор дод, ки кишвар «дар як марҳилаи бисёр хатарнок» қарор дорад. Ду волӣ – Глетчен Витмер аз Мичиган ва Ҷей Инсли аз Вашингтон маҳдудиятҳои наве ҷорӣ карданд, ки ба мактабу тарабхонаҳо ва шумори мардуми ҷамъшаванда рабт мегирад. Изҳороти ин ду мақомдор дар ҳоле садо дод, ки дар як ҳафтаи ахир дар ИМА шумори тоза олудашудаҳо ба коронавирус 1 миллион нафарро ташкил дода, ҳоло шумори умумии беморон дар кишвар марзи 11 миллион нафарро убур кард. Витмери демократ, дар ҳимоят аз тасмими гирифтааш дар Мичиган гуфт, ки вазъ ҳеҷ гоҳ аз ин бадтар набуд. Инслии демократ гуфт, рӯзи 15-уми ноябр «дар таърихи 100 соли охир бадтарин рӯз аз назари масоили беҳдоштӣ буд». Дар иёлоти дигар ҳам афзоиши ташвишовари паҳншавии коронавирус мушоҳида мешавад. Иллинойс нуқтаи нави доғи пандемия ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG