Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон барои берун рафтани артиши Арманистон аз Калбаҷари Қарабоғ фурсати бештар дод


Минтақаи Қалбаҷари Қарабоғи Кӯҳӣ. 15 ноябри 2020.
Минтақаи Қалбаҷари Қарабоғи Кӯҳӣ. 15 ноябри 2020.

Боку розӣ шуд, барои берун рафтани артиш ва аҳолии осоиштаи арманӣ аз ноҳияи Калбаҷари Қарабоғи Куҳӣ то 25 ноябр муҳлат диҳад. Дар ин бора ёвари президенти Озарбойҷон Ҳикмат Ҳоҷиев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ҷониби Арманистон тавассути Русия аз Озарбойҷон дархости муҳлат карданд ва ҷониби Озарбойҷон ҳам бо назардошти вазъ муҳлат додааст.

Бино ба шартҳои созишномаи қатъи ҷанг дар Қарабоғи Куҳӣ, ки аз сӯи роҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон имзо шуд, артиши Арманистон вазифадор шуда буд, ки то 15 ноябр ноҳияи Калбаҷарро тарк кунад.

Озарбойҷон тасмим дорад, баъди тарки артиши арманӣ низомиҳои худро ҷойгир кунад, гуфт Ҳусейн Маҳмудов, як масъули вазорати мудофиаи Озарбойҷон.

Мақомоти Озарбойҷон мегӯянд, дар баробари артиш сокинони осоиштаи арманӣ ҳам ноҳияи Калбаҷарро тарк мекунанд.

XS
SM
MD
LG