Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳолии Узбекистонро дар соли 2023 мешуморанд


Тошканд. Акс аз соли 2016
Тошканд. Акс аз соли 2016

Маъракаи шумориш ё барӯйхатгирии аҳолии Узбекистон, ки қарор буд, соли 2022 сурат бигирад, то ба соли 2023 ба таъхир гузошта шудааст. Ба огаҳии Кумитаи давлатии омори Узбекистон, ба таъхир гузоштани шумориши аҳолӣ дар қарори ҳукумати ин кишвар аз 11-уми ноябр омадааст. "Шумориши аҳолӣ чорабинии бузург, меҳнатталаб ва серхарҷ аст, ки барои он бояд аз 2 то 3 сол омодагӣ дид", - гуфта шудааст дар иттилоияи кумита. Кумитаи давлатии омори Узбекистон гуфтааст, бештари давлатҳо, аз ҷумла Русия, Қазоқистон ва Арманистон шумориши аҳолии худро ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир гузоштаанд. Мақомоти Узбекистон соли 2016 гуфта буданд, ки шумори аҳолии ин кишвар ба 31 миллиону 532 нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG