Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Байден дар иёлати Аризона баранда шудааст


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки Ҷо Байден дар иёлати Аризона баранда шудааст. Ин иёлат 11 раъйи ҳайати интихоботӣ дорад. Ба ин тартиб, Байден то кунун 290 раъйи ҳайати интихоботиро ба даст овардааст. Барои пирӯзӣ дар интихоботи президентии Амрико як номзад ба 270 раъй ниёз дорад. Раиси ҷумҳур Доналд Трамп то кунун 217 раъйи ҳайати интихоботиро соҳиб шудааст. Аризона дар 70 соли гузашта, ба истиснои интихоботи соли 1996, ҳамеша ба Ҷумҳурихоҳон раъйи бештар додааст.

XS
SM
MD
LG