Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International гуфт, дар низои Эфиопия ғайринизомиён кушта шудаанд


Афви Байнулмилал ё Amnesty International аз "қатли ом" дар минтақаи Тиграйи Эфиопия хабар дод. Созмон 12-уми ноябр дар гузорише гуфт, дар натиҷаи даргирии миёни ҷабҳаи озоди мардуми Тиграй ва нерӯҳои ҳукумати Абий Аҳмад, нахуствазири Эфиопия, шуморе аз ғайринизомиён кушта шудаанд. Абий Аҳмад соли гузашта барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои вафодор ба ҳукумат 12-уми ноябр бахшҳое аз вилояти Тиграйро ишғол кардаанд ва ҳазорон кас аз хонаҳояшон беҷо шуда, ба минтақаҳои марзӣ бо Судон паноҳ бурдаанд. Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Африқо ва ҷомеаи байнулмилалӣ аз вазъи ҳозираи Эфиопия шадидан ибрози нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG