Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаҳри Ӯш як додситонро боздошт карданд


Улуғбек Омурзақов.
Улуғбек Омурзақов.

Рӯзи 12 ноябри соли ҷорӣ Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) хабар дод, ки дар шаҳри Ӯши он кишвар аз рӯи далели эҳтимоли ғасби рейдерии кони ангишт додситон Улуғбек Омурзақов, бародари муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Суйун Омурзақов боздошт шудааст.

Ҳамроҳ бо Омурзақов 4 тани дигарро боздошт кардаанд. Ба иттилои КДАМ, онҳо бо арзиши 970 ҳазор доллар ғайриқонунӣ ва бе пардохти андоз ангишт истихроҷ кардаанд.

КДАМ хабар медиҳад, ки ин ҳодиса дар моҳи январи соли 2020 рух додааст.

Мақомоти қудратии Қирғизистон дар якҷоягӣ тафтишоти ҳодисаро пеш мебаранд.

XS
SM
MD
LG