Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ереван чанде аз роҳбарони боздоштшудаи мухолифинро раҳо карданд


Мухолифон дар Арманистон истеъфои нахуствазирро талаб доранд.
Мухолифон дар Арманистон истеъфои нахуствазирро талаб доранд.

Дар Арманистон намояндагони 17 ҳизби сиёсии мухолиф, ки талош доранд, сарвазир Никол Пашинянро ба истеъфо фиристанд, рӯзи панҷшанбе то назди бинои Хадамоти амнияти миллӣ дар шаҳри Ереван роҳпаймоӣ ва ба ин тартиб раҳоии роҳбарони худро талаб карданд.

Наира Зограбян, вакили порлумон аз ҳизби "Арманистони шукуфон" боздоштҳои ахирро "таъқиби сиёсӣ" унвон кард.

Шоми 12 ноябр хабар расид, ки мақомот чанде аз роҳбарони боздоштшудаи мухолифинро раҳо кардаанд.

Пештар аз ин хадамоти махсуси тафтишотии Арманистон иттилоъ дод, ки баъди эътирозҳои рӯзи чаҳоршанбе даҳҳо роҳбарони мухолифин дар доираи парвандаи ташкили гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ дар Ереван боздошт шудаанд. Мақомот мухолифонро дар ташкили гирдиҳамоӣ дар шароити вазъи низомӣ айбдор мекунанд.

Беназмиҳо дар Ереван шоми 10 ноябр баъди он шуруъ шуданд, ки сарвазири Арманистон Никол Пашинян ҳамроҳ бо роҳбарони Русияву Озарбойҷон изҳороти сеҷониба дар бораи қатъи ҷанг дар Қарабоғи Куҳиро имзо кард. Дар асоси созишнома, чанде аз навоҳии Қарабоғ ба ихтиёри Озарбойҷон гузашт. Сокинони Арманистон инро ҳамчун таслим шудан баҳо доданд.

Мухолифон аз Никол Пашинян талаб карданд, ки фавран истеъфо диҳад. Ширкатдорони эътирозҳо ҳамчунин ташкили ҳукумати замони буҳрониро пешниҳод мекунанд.

XS
SM
MD
LG