Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден аввалин мансабдори ҳукумати худро интихоб кард


Аз чап ба рост Рон Клейн ва Ҷо Байден дар солҳои ноибпрезидентии Байден
Аз чап ба рост Рон Клейн ва Ҷо Байден дар солҳои ноибпрезидентии Байден

Президенти навинтихоб Ҷо Байден ёвари деринаи худ Рон Клейнро ба яке аз мансабҳои асосии маъмурияти ИМА, сардори дастгоҳи Кохи Сафед таъин кард.

"Кордонӣ ва тавоноии ӯ дар ҳамкорӣ бо мардуми дорои ҳама гуна ақидаҳои сиёсӣ дақиқан чизест, ки Рон Клейн дорад ва маҳз барои ҳамин ӯ ҳамчун роҳбари дастгоҳи Кохи Сафед дар давраи буҳронӣ ва зарурати боз сарҷамъ кардани кишвар муҳим аст," - навишт Байден дар Твиттер.

Интихоби Клейн баёнгари пешвазифаҳои ҳукумати дар ҳоли таъсиси Байден аст, ки мехоҳад бемории афзояндаи короновирусро зери назорат гирад ва пастобаландиҳои иқтисодиро идора кунад.

Клейн ҳамоҳангсози масъули мубориза бо вируси эбола дар соли 2014 ҳангоми сар задани он дар Африқои Шарқӣ буд ва дар таҳияи барномаи ҳукумати президенти пешин Барак Обама барои эҳёи иқтисодӣ дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молии 2009 нақши калидӣ бозид.

Вай дар давраи аввали роҳбарии Обама раҳбари ситоди Байден ва мушовири маъракаи интихоботии ӯ буд. Вай инчунин дар миёни солҳои 1990 роҳбари дастгоҳи муовини президент Ал Гор буд ва дар солҳои сенатории Байден дар Конгресс кор кардааст.

Роҳбари дастгоҳ аксар вақт дарбони президент шумурда шуда, стратегияи сиёсӣ ва ҳуқуқиро омода мекунад ва ҳамчун миёнарави қонунгузор дар гуфтугӯҳо бо Конгресс хидмат мекунад.

XS
SM
MD
LG