Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон назорати пӯшидани ниқоб сахттар шуд


Дар Туркманистон аз мардум талаб карда мешавад, ки ниқоб пӯшанд
Дар Туркманистон аз мардум талаб карда мешавад, ки ниқоб пӯшанд

Мақомоти Туркманистон, ки иддао доранд дар он кишвар коронавирус мавҷуд нест, назорати пӯшидани ҳатмии ниқоби тиббиро сахттар кардаанд. Дар корхонаву мактаб ва муассисаҳои ин кишвар рейдҳо баргузор ва бениқобҳо ҷарима мешаванд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар рейдҳо кормандони мақомоти маҳаллӣ, пулис ва Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Туркманистон иштирок мекунанд.

"Шаҳрвандонеро, ки дар кӯча бе ниқоб гаштугузор мекунанд, 22 манат (5,7 доллар) ва онҳоеро, ки дар дохили биноҳо ниқоб намепӯшанд, 50 манати туркманӣ (14,3 доллар) ҷарима мебанданд", - гуфт хабарнигор.

Дар назди Маркази санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Туркманобод, маркази маъмурии вилояти Лебапи Туркманистон навбатпоии сокиноне мушоҳида мешавад, ки барои пардохти ҷаримаи бениқобӣ рафтаанд.

Дар вилояти Марии Туркманистон кормандони пулис дар ҳамроҳӣ бо омӯзгорон ва мақомоти маҳаллӣ дар кӯчаву хиёбонҳо гашта, сокинони бениқобро боздошт мекунанд.

Мақомоти Туркманистон ҳанӯз ҳам иддао доранд, дар ин кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба короновирусеро, ки дар ҷаҳон "гиребони беш аз 50 миллион нафарро гирифтааст", сабт накардаанд.

XS
SM
MD
LG