Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар маросиме бо ширкати дипломатҳои аврупоӣ дар Ҷидда


Шоҳроҳе аз Ҷидда ба Макка
Шоҳроҳе аз Ҷидда ба Макка

Дар таркиши як қабристони ғайримусалмонии шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дастикам чор нафар осеб дид. Таркиш дар лаҳзаҳое рух дод, ки барои ширкат дар маросими 102-юмин солгарди хатми Ҷанги Якуми Ҷаҳон меҳмонҳо, аз ҷумла дипломатҳои хориҷӣ ҷамъ шуда буданд. Reuters гуфт, ки дар ин таркиш як маводи мунфаҷираи дастсохт таркидааст. Тафсилоти бештари ин ҳодиса ҳанӯз дар даст нест, вале бино ба хабарҳо, дар ин маросим дипломатҳои кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла намояндагони сафорати Фаронса ҳам ширкат доштанд. Моҳи октябр дар паи изҳориназарҳои президенти Фаронса Эмманэл Макрон дар бораи ифротгароӣ, як сокини Ҷиддаро барои ҳамла ба муҳофизи консулгарии Фаронса боздошт карданд. Миёнаҳои моҳи сентябр як зодаи Чеченистон дар канораҳои Париж омӯзгори мактаб Самюэл Патиро ба қатл расонид. Ин омӯзгор дар дарсҳояш дар мавзӯи озодии баён сӯҳбат карда карикатураҳои Муҳаммад Пайғамбарро мисол овардааст. Гумонбари ин куштор гӯё гуфтааст, ки муаллимро барои таҳқири пайғамбари мусалмонҳо муҷозот кард.

Макрон ин ҳодисаро «амали террористии исломгароҳо» номид ва ба ҳимояти арзишҳои дунявии Фаронса аз таҳдиди ифротгароҳо даъват кард. Вале изҳороти раиси ҷумҳурии Фаронса дар бархе кишварҳои мусалмонӣ эътирозу раҳпаймоиҳо ба бор овард. Ду ҳафта баъди куштори омӯзгор, як зодаи Тунис ба роҳгузарон дар шаҳри Ниса ҳамла карда се нафарро кушт.

XS
SM
MD
LG