Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ереван 6 кас бо гумони даъват ба ғасби қудрат боздошт шуд


Боздоштҳо дар Ереван
Боздоштҳо дар Ереван

Дар шаҳри Еревани Арманистон баъди бетартибиҳо дар эътироз ба бастани созишномаи сулҳ бо Озарбойҷон шаш нафар бо гумони даъват ба ғасби қудрат ва сарнагун сохтани сохти конститутсионии давлат дастгир шуданд.

Дар ин бора сардори дастгоҳи ҳукумати Арманистон Эдуард Агаджанян дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ду нафари боздоштшудаҳо "иштирокдорони фаъол"-и ҳамла ба раиси порлумони Арманистон Арарат Мирзоян ҳастанд.

Агаджанян гуфт, боздоштшудаҳо тибқи қонун муҷозот хоҳанд шуд.

Дар Ереван иштирокдорони тазоҳурот зидди қатъи ҷанг дар Қарабоғи Куҳӣ шаби 10 ноябр, баъди созиши сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо ҳамтои русу озарии худ дар мавриди хотима бахшидан ба даргириҳои мусаллаҳона ба бинои ҳукумати ин кишвар ҳамла карданд. Ҳамчунин хабар дода шуд, ки тазоҳургарон раиси порлумони Арманистонро бо зурӣ аз мошинаш ба берун баровардаанд.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябр якбора шиддат гирифт. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ шуд. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом гардид. Ҳар ду кишвар аз талафоти ҷонӣ ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандонашон хабар медиҳанд ва ҳамдигарро дар ташдиди вазъ айбдор мекунанд.

Низоъи Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

XS
SM
MD
LG