Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Издиҳоми хашмолуд раиси парлумони Арманистонро маҷрӯҳ ва ба Радиои Озодӣ таҳдид кард


10-уми ноябр. Издиҳоми хашмолуди мардум дохили бинои ҳукумати Арманистонро хароб мекунад

Ваколатдори ҳуқуқи инсони Арманистон Ормон Татоян хушунатҳои бархоста дар Арманистон баъди имзои созишномаи сулҳ бо Озарбойҷон бар сари Қаробоғи Кӯҳиро, ки субҳи 10-уми ноябр бо миёнҷигии Русия ҳосил шуд, маҳкум намуд. Татоян дар изҳороте рӯзи сешанбе гуфт, ки ҳамла ба раиси парлумон Арарат Мирзоён ва ҳам ҳамла ба дафтари Радиои Озодӣ дар Ереван бо ширкати тахминан 40 мард ва ҳам таҳдиди онҳо ба журналистон амали “ғайри қобили қабул” аст.

Омбудсмени Арманистон гуфт: “Хушунат алайҳи Арарат Мирзоён ғайри қобии қабул аст ва ҳамаи маҳкумиятҳоро сазовор мебошад, бахусус ба он хотир, ки ӯ он лаҳзаҳо ҳамроҳ бо кӯдаке буд”. Дар идома ӯ гуфт, “ҳамла ба дафтари Радиои Озодӣ дар Ереван бояд маҳкум шавад. Бар асоси иттило то ин дам, талоше барои ҳамла ба дороиву дастгоҳҳои ин расона шудааст ва ҳамчунин талош кардаанд ба корманони ин расона ҳамла кунанд”.

Рӯзи 10-уми ноябр хабари имзои созиши сулҳ бо миёнҷигии Русия ба хотири хатми ҷанги нирӯҳои Озарбойҷону Арманистон дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ дар дохили Арманистон як бӯҳрони сиёсӣ эҷод кард. Издиҳоми хашмолуди мардум ба биноҳои ҳукумативу парлумон ҳамла намуданд.

Баъд аз зӯҳр ин издиҳом ба сӯи дафтари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳаракат кард ва кормандони ин расонаро “хиёнаткор” ва “турк” номида кори ҳукуматро дар нисбати Қаробоғи Кӯҳӣ “таслимшавӣ” номиданд. Яке аз ҳамлагарон ба журналистон нидо кард, ки “шумо дар марги дӯстони ман дар Қаробоғи Кӯҳӣ гунаҳгор ҳастед”. Дигар нафаре мегуфт, ки мехоҳад компютерҳои ин расонаро хароб кунад, то ки онҳо натавонанд барномаҳои худро пахш кунанд.

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Дейзи Синделар гуфт, он чи ки дар бюрои РАО/РО дар Ереван рух дод, “ҳамлаи қобили сарзаниш ба вазифаи калидии журналистон ба ҳайси шоҳидони бетарафи ҳаводиси азими хабарӣ мебошад”.

Дейзи Синделар гуфт: “Бахши армании мо, “Азатутюн”, яке аз чанд расона дар дохили Арманистон аст, ки талош мекунад дар ин низои бисёр амиқ мавқеи ҳама тарафҳоро пӯшиш бидиҳад. Мо аз полис ва аз ҷомеа даъват мекунем, ки аз ҳуқуқи “Азатутюн” ва ҳама журналистони мустақил дар нашри хабарҳои комилу бетарафона, бидуни таҳдид ба хушунат ваё азияту фиребгарӣ ҳимоят кунанд”.

Ҳамла ва таҳдид ба журналистонро Иттиҳоди журналистони Арманистон ҳам башиддат маҳкум кард.

Продюсери иҷроияи Бахши армании Радиои Озодӣ Артак Ҳамбардзумян гуфт, ки ӯ яке аз ҳамлагаронро шинохт ва ин шахс Герасим Варданян, узви Федератсияи инқилобии Арманистон (“Дашнактсутюн”) аст, ки тарафдори истеъфои нахуствазир Никол Пашинян мебошад. Ҳамбардзумян гуфт, ҳамлагарон хостанд дари дафтарро шикаста ба ӯ ҳамла ва дастгоҳи наворбардориашро хароб кунанд.

XS
SM
MD
LG