Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян хабар дод, ки дар Арманистон аст ва иҷрои вазифаҳои худро идома медиҳад. Изҳороти рӯзи 10-уми ноябри нахуствазир дар шароите садо дод, ки имзои созишномаи сулҳ дар масъалаи Қаробоғи Кӯҳӣ бо Озарбойҷон мояи эътирозҳои шадид дар Арманистон шуд.
Шабона дар маркази Ереван чанд ҳазор нафар мухолифи имзои созиши сулҳ ҷамъ омада, ба бинои ҳукумат ва толори маҷлисгоҳаш зада даромада даст ба беназмиҳо заданд. Баъди ин гурӯҳи эътирозгарон ба назди қароргоҳи Пашинян ва аз он ҷо ба бинои парлумон рафт. Раиси парлумони Арманистон Арарат Мирзоён латукӯб шуд. Раиси парлумонро аз дохили мошин берун бароварда заданд ва баъди ин ба кори онҳо муҳофизону низомиён дахолат карданд. Мирзоён бо ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона қарор дорад. Президенти Арманистон Армен Саркисян гуфт, ки дар бораи имзои созишномаи сулҳ бо Озарбойҷон аз матбуот огаҳ шуд. Саркисян дар як изҳороташ гуфт, ки «бо ман, ҳайси президенти ҷумҳурӣ, мутаассифона, аз рӯи ин санад ҳеҷ машварату баррасие нашуд ва ман дар музокирот ҳам иштирок накардаам”. Президенти Арманистон гуфт, ки дар робита бо ҳимояти манфиатҳои миллӣ бояд машваратҳои изтирории сиёсӣ баргузор кунад.
Навори видеоии беназмиҳо дар парлумони Арманистон аз Бахши Армании Радиои Озодӣ:
Ҳизби сиёсии “Арманистони шукуфо” барои даъвати ҷаласаи изтирории парлумон имзо ҷамъ мекунад ва ҳадафи он бекор кардани созиши хатми ҷанг дар Қаробоғи Кӯҳӣ аст.
Вазорати дифоъ ва Ситоди кулли Арманистон ин созишро пуштибонӣ карданд. Онҳо даъват карданд, ки дар Қаробоғи Кӯҳӣ хунрезӣ хотима дода шавад.
Созиши хатми амалиёти ҷангӣ дар хоки ҷумҳурии эътирофнашудаи Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи душанбе аз ҷониби президентони Русия, Озарбойҷон ва нахуствазири Арманистон имзо шуд. Бар асоси ин созиш, Озарбойҷон назорат дар тамоми қарамлавҳои кишварашро барқарор мекунад. Ба ин қаламравҳо ноҳияҳои ба ҳудудҳои Қаробоғи Кӯҳӣ шомилнашаванда ва қисме аз ҷумҳурии эътирофнашудаи Қаробоғи Кӯҳӣ дохил мешаванд. Ба минтақа нирӯҳои ҳофизи сулҳи Русия ворид мешаванд.