Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қаробоғи Кӯҳӣ эътироф карданд, ки озариҳо Шуширо таҳти назорат дароварданд


Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 9-уми ноябр аксеро аз маркази Шуши нашр кард, ки дар он парчаи ин кишвар насб шудааст
Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 9-уми ноябр аксеро аз маркази Шуши нашр кард, ки дар он парчаи ин кишвар насб шудааст

Мақомоти амалан ҳукумати минтақаи ҷудоихоҳи Қаробоғи Кӯҳӣ тасдиқ карданд, ки нирӯҳои Озарбойҷон дар паи даргириҳои шадид назорат бар шаҳри стратегии Шуширо ба даст оварда ба пойтахт, шаҳри Степанакерт, наздиктар омаданд. Ваҳрам Поғосян, сухангӯи ҳукумати эътирофношудаи Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи 9-уми ноябр гуфт, “имрӯз, мутаассифона, мо бояд эътироф кунем, ки занҷираи таҳаввулоти нохушоянди чанд рӯзи охир боиси он гардид, ки Шуши пурра аз зери назорати мо берун шуд”. Ин изҳорот гуфтаҳои рӯзи 8-уми ноябри президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро тасдиқ мекунад, ки гуфт, дуюмин шаҳри серҷамъияти Қаробоғи Кӯҳӣ – Шушӣ ишғол шуд. Ин изҳорот бисёр сокинони Озарбойҷонро хушҳол карду барои таҷлили ин хабар сокинон ба хиёбонҳои шаҳри Боку баромаданд. Шуши (ба озарӣ – Шуша) барои нирӯҳои озарӣ як макони стратегӣ ба ҳисоб меравад, то ки битавонанд ба Степанакерт дастрасӣ пайдо кунанд. Аз ин пеш Алиев дар сӯҳбат бо ВВС гуфт, ки имкониятҳои Ереван барои созиш то рафт камтар мешавад ва ӯ ҳеҷ имкони созиши сулҳ бо нахуствазири Арманистон Никол Пашинянро намебинад.

XS
SM
MD
LG