Дар 13-умин якшанбеи баъди интихоботи баҳсбарангези президентии Беларус садҳо эътирозгари дигар боздошт шуд. Ин мардум, ки бо пирӯз эълон шудани Александр Лукашенко розӣ нестанд, баъди 9-уми август пайваста намоишҳои эътирозӣ барпо мекунанд.
Ба иттилои маркази ҳомии ҳуқуқи инсони “Весна” рӯзи 8-уми ноябр полиси Беларус дар шаҳрҳои Минск, Гомел, Витебск, Жлобин ва дигар шаҳрҳо 1024 нафарро боздошт кард. Дар миёни онҳо ҳадди аққал шаш нафарашон журналистон мебошанд. Ба иттилои ин марказ, бархе боздоштшудаҳо дертар озод гардиданд. Дар наворҳои видеоии ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳёфта дида мешавад, ки мардон, аксарашон бо либоси мулкӣ дар тан, эътирозгаронро бо шеваи бисёр бераҳмона дошта ба замин мезананд ва баъдан ба мошини полис бор мекунанд. Полиси Минск гузориш дод, ки 10 нафар барои ширкат “дар эътирозҳои бидуни иҷозат” боздошт шудаанд. Ба ҳисобҳои мухталифи журналистон, дар эътирозҳои шаҳри Минск чандсад ҳазор нафар иштирок кардааст.