Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар робита ба ҷанҷоли Шорнаки Қазоқистон додгоҳ се касро ҷазо дод


Пулиси Қазоқистон.
Пулиси Қазоқистон.

Додгоҳи шаҳри Кентауи вилояти Туркистони Қазоқистон нисбати се тан дар робита ба ҳодисаи моҳи июли соли ҷорӣ дар деҳаи Шорнак ҳукм содир крад. Дар ин деҳа қазоқҳо ва узбекҳо канори ҳам зиндагӣ мекунанд.

Додгоҳ сокини маҳаллӣ Мадӣ Кордабайро бо моддаи "Зургӯӣ нисбати фарди мансабдор" 1,5 сол зиндонӣ кард.

Сокини дигар Ифтихор Жумадуллоев бо моддаҳои "Авбошӣ" ва "Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" дар маҷмуъ 6 сол зиндонӣ шуд.

Додгоҳ ҳамзамон бародари Ифтихор - Мадамин Жумадуллоевро бо моддаи "авбошӣ" 3,5 сол зиндонӣ кард.

Рӯзи 21 июл дар деҳаи Космезгили ҷамоати деҳоти Шорнаки вилояти Туркистони Қазоқистон байни ҷавонони узбек ва қазоқ занозанӣ рух дод. Дар ин занозанӣ бештар аз 10 кас иштирок кард.

Мақомот ин занозаниро "ҷанҷоли маишӣ" унвон карданд.

XS
SM
MD
LG