Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се рӯз боз дар Русия 20 ҳазор нафари ба коронавирус сироят меёбанд


Беморхонаи вижа барои табобати беморони коронавирус дар Русия
Беморхонаи вижа барои табобати беморони коронавирус дар Русия

Дар Русия се рӯз пайи ҳам шумораи гирифторони коронавирус аз 20 ҳазор нафар кам намешавад.

Шумораи гирифторон дар ин кишвар аз 1 миллиону 700 ҳазор нафар гузаштааст ва беш аз 30 ҳазор нафар фавтидааст.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфтааст, ки коронавирус ба буҷаи шаҳр 500 милиард рубл зиён овардааст.

Афзоиши коронавирус дар Русия ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар низ таъсир расонидааст. Интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Парвозҳо маъмулӣ миёни Русия ва Тоҷикистон низ баста шудааст ва танҳо тариқи парвозҳои чартерӣ теъдоди ками муҳоҷирон ба ватан бармегарданд.

Дар Русия ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунад.

XS
SM
MD
LG