Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Русия ва Фаронса масъалаи Қарабоғи Кӯҳиро баҳс кардаанд


Низомиён дар Қарабоғи Кӯҳӣ
Низомиён дар Қарабоғи Кӯҳӣ

Владимир Путин, президенти Русия ва Эммануэл Макрон, президенти Фаронса вазъ дар Қарабоғи Кӯҳиро баҳс кардаанд.

Дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз охири моҳи сентябр то ҳол миёни Арманистон ва Озарбойҷон ҷанг давом дорад.

Раҳбари Русия ва Фаронса рӯзи 7-уми ноябр дар суҳбати телефонӣ аз бештар шудани задухӯрдҳо ва аз иштироки зархаридҳо аз Сурия дар ин низоъ, нигаронӣ кардаанд.

Қаблан, расонаҳо хабар дода буданд, ки ҷониби Озарбойҷон ҷангиёни тамриндида аз Сурияро дар ин низоъ ҷалб кардааст.

Ин ду раҳбар гуфтаанд, ки миёнаравӣ барои оташбасро дар доираи “Гуруҳи Минск”-и Созмони амният ва ҳамкории Аврупо идома хоҳанд дод.

Владимир Путин рӯзи 7-уми ноябр инчунин бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия низ гуфтугӯ кардааст.

Қарабоғи Кӯҳӣ, як минтақаи арманнишин аст, ки замони Шӯравӣ зери назорати Озарбойҷон қарор дошт. Баъдан, дар пайи ҷанге ин минтақа худро мустақил эълон кард ва амалан зери назорати Арманистон қарор дорад.

Талошҳо барои оташбас миёни ду кишвар бештар аз як моҳ боз натиҷае надодааст.

XS
SM
MD
LG