Ямо Сиёвуш, хабарнигори пешини телевизиони "Тулӯъ", ки барномаҳои сиёсиро гардонандагӣ мекард, бар асари таркиши бомб дар шаҳри Кобул кушта шуд. Ториқ Ориён, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфт, бомбро дар мошини хабарнигор гузошта будаанд.
Шоҳидони айнӣ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ҳодиса субҳи 7-уми ноябр ва ҳангоми ба кор рафтани Ямо Сиёвуш рух дод. Ӯ нав корро ҳамчун масъули бахши матбуот дар Бонки Афғонистон сар карда буд
Дар ин ҳодиса корманди дигари Бонки Афғонистон Аҳмадуллоҳ Анас ва ронанда Муҳаммад Амин низ ҷон бохтаанд. Ҳанӯз масъулияти таркишро ҳеч гурӯҳ ба уҳда нагирифтааст.
Хушунатҳо дар Афғонистон тайи ҳафтаҳои ахир афзудааст. Ҳафтаи гузашта бар асари ҳамла ба Донишгоҳи Кобул 22 нафар ва аксаран донишомӯзон кушта шуданд.
Бар асоси омори расмӣ, аз оғози имсол шаш хабарнигор дар ҳодисаҳои ҳаросафканона дар Афғонистон ҷон бохтанд.