Ҷо Байден, номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, гуфт, бо тафовут ё фарқи калон барандаи интихоботи 3-юми ноябр хоҳад буд, вале афзуд, барои эълони пирӯзияш ҳанӯз барвақт аст. Вай ҳангоми суханронии худ рӯзи 7-уми ноябр гуфт, дар ҳоли ба даст овардани беш аз 300 раъйи ҳайати интихоботӣ аст. Барои баранда шудани интихоботи президентӣ дар Амрико ҳар номзад ба 270 раъйи ҳайати интихоботӣ ниёз дорад. Ҷо Байден дар идомаи суханронии худ ҳамчунон аз амрикоиҳо хост, то пурра шумурдани баргаҳои раъй босабр бошанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳур ва номзади интихоботи президенти Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки қаблан иддаои пирӯзӣ карда буд, ҳушдор дод, ки Ҷо Байден, рақиби демократи вай эъломи пирӯзӣ накунад.
Байден гуфт, барандаи интихобот мешавад, аммо барои эълони пирӯзияш ҳанӯз барвақт аст
