Раҳбари ҳайати нозирони байналмилалии САҲА дар интихоботи президентии ИМА гуфт, ки президент Доналд Трамп бо иддаои беасосаш дар бораи ин ки “интихобот дуздида шуд ва шумориши раъйҳо хотима ёбад” ба “нақзи ҷиддии қудрат” роҳ дод. Майкл Линк, раҳбари нозирони САҲА дар мусоҳиба бо нашрияи олмонии Stuttgarter Zeitung рӯзи 5-уми ноябр гуфт, ки иддаоҳои батакрори Трамп дар бораи ин ки интихобот дасткорӣ шудааст, “бепояву асос” аст. Ӯ гуфт, “як чизи аз ҳама нороҳаткунанда ин буд, ки сарфармондеҳи амрикоӣ дар Кохи Сафед, таҳти тамоми рамзҳои қудрат ба хатми шумориши раъйҳои интихобот даъват кард”. Шаби интихобот Трамп бидуни овардани далел ва шаҳодате иддао кард, ки дар ҷараёни овоздиҳӣ “тақаллубкории азиме” роҳ дода шуд ва худро барандаи интихоботи президентӣ эълон кард. Ин дар ҳоле буд, ки шумориши раъйҳои овоздиҳандагон анҷом нашудааст ва то ҳол натиҷаҳои интихобот маълум нест. Баъди ин ӯ дар Твиттер, ҳамингуна бидуни овардани далел ва исботе иддао кард, ки дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ “партоби ногаҳонии баргаҳои зиёд” рух дод ва баъд ногаҳон “ба таври афсонавӣ” пирӯзии ӯ аз даст рафт. Twitter ҳамон замон ин навиштаи президентро бо рамзи “хабари гумроҳкунанда” тамғагузорӣ кард.
Раҳбари ҳайати нозирони САҲА Трампро дар “нақзи ҷиддии қудрат” айбдор кард
