Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои додгоҳии Трамп дар ду аёлат рад шуд


Филаделфия, аёлати Пенсилвания. Як тарафдори Трамп бо ниқоби номзади демократҳо Ҷо Байден
Филаделфия, аёлати Пенсилвания. Як тарафдори Трамп бо ниқоби номзади демократҳо Ҷо Байден

Ду даъвои додгоҳие, ки тими интихоботии президент Доналд Трамп дар иёлоти Мичиган ва Ҷорҷиа пеш гузошт, рад шуд, вале раиси ҷумҳурии ИМА бидуни овардани далел дар бораи қонуншиканиҳо таҳдид кардааст, ки дар Невадаву дигар иёлот аз болои ҷараёни ҳисобу китоби овозҳо шикоят хоҳад кард. Тими Трамп дар чанд аёлате, ки он ҷо рақиби демократаш Ҷо Байден баранда шудааст, ба додгоҳ шикоят карда гуфт, ки гӯё рӯзи овоздиҳии 3-юми ноябр тақаллуби зиёд роҳ ёфт. Дар ҳоле, ки Трамп ҳеҷ асос ё далеле пеш наовардааст, дар рӯзи интихобот аслан ҳеҷ қонуншикание ба назар нарасидааст.

Дар Ҷорҷиа тими Трамп тахмин кард, ки 53 раъйи дер расида бо дигар раъйҳои рӯзи 3-юми ноябр дастрасшуда омехта карда шуд. Ин дар ҳолест, ки бисёр иёлот иҷоза медиҳанд, ки баргаҳои раъйдиҳӣ дертар аз мӯҳлати 3-юми ноябр ҳам ба даст бирасанд ва баъди рӯзи интихобот ҳам ҳисоб шаванд. Дар Мичиган тими Трамп хост, ки шумориши овозҳо қатъ шавад. Додрасҳо дар қарори худ аризаҳои шикоятиро рад карда гуфтанд, ки ҳеҷ далеле барои баррасии шикоятҳои президент вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG