Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаи Facebook гурӯҳеро манъ кард, ки дар паи интихобот ба хушунат даъват мекард  


Натиҷаҳои интихоботи президентии ИМА ҳанӯз маълум нест, вале ҳисобҳои пешакӣ дар бораи танготанг ва ба ҳам бисёр наздик будани овозҳои ҳарду номзади интихоботӣ гувоҳӣ медиҳанд
Натиҷаҳои интихоботи президентии ИМА ҳанӯз маълум нест, вале ҳисобҳои пешакӣ дар бораи танготанг ва ба ҳам бисёр наздик будани овозҳои ҳарду номзади интихоботӣ гувоҳӣ медиҳанд

Шабакаи иҷтимоии Facebook фаъолияти як гурӯҳи азимеро бо номи “Дуздиро хотима диҳед” манъ кард, ки аз ҷонибдорони президент Доналд Трамп буда дар талоши ташкили эътирозҳо алайҳи ҷараёни ҳисобу китоби овозҳои интихоботи президентӣ мебошад. Шабакаи азими иҷтимоӣ рӯзи 5-уми ноябр гуфт, ки аъзои ин гурӯҳ бо суръати калон афзоиш меёбад ва дар навиштаҳояш изҳороти хушунатзо ва иттиҳомоти беасос дар бораи гӯё дуздида шудани овозҳо аз ҷониби демократҳоро пахш мекунад.

Энди Стоун, як сухангӯи Facebook гуфт, ки ин гурӯҳ атрофи ақидаи “ғайриқонунӣ эълон кардани ҷараёни интихобот ҷамъ шуда, мо инчунин шоҳиди даъватҳо ба хушунат аз ҷониби бархе аъзои гурӯҳ мешавем”. Ин гурӯҳ инчунин ҷамъоварии маблағҳои хайрияро ба роҳ монда мехоҳад, ки ихтиёриён ба иёлоти муҳими мисли Ҷорҷиа, Каролинаи Шимолӣ ва Пенсилвания сафар кунанд. Ин иёлот дар таъини барандаи интихоботи президентӣ ҳалкунанда ба шумор мераванд. Facebook гуфт, ки дар як рӯз 365 ҳазор нафар узви ин гурӯҳ шуд.

Вале тарафдорони ин гурӯҳ Facebook-ро интиқод карда гуфтанд, ки онҳо дар фикри ташкили эътирозҳои сулҳомез ҳастанд ва худи онҳо ба изҳороти полис посух доданд ва Facebook онҳоро аз пеш огоҳ накард.

XS
SM
MD
LG