Ҳошим Точи, собиқ президенти Косово баъди истеъфои дирӯзааш вориди боздоштгоҳи додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии Нидерланд шуд. Дар як изҳороти додгоҳи байналмилалӣ рӯзи 5-уми ноябр гуфта шуд, Точи, ки солҳои ҷанги 1990-ум ба хотири дастёбӣ юа истиқлолият аз Сербистон раҳбарии шӯришиёни Артиши озодихоҳии Косоворо ба ӯҳда дошт, ҳамроҳ бо ду собиқ узви ин гурӯҳ ба “боздоштгоҳи Палатаи ихтисосии Косово дар додгоҳи Гаага” интиқол дода шуд. Точи дар солҳои 1998-99 ба ин гурӯҳ раҳбарӣ кардааст. Ӯ рӯзи 5-уми ноябр дар изҳороте гуфт, ки аз иттиҳомаш дар заминаи ҷиноятҳои ҷангӣ бохабар шуд ва қарор кард, ки аз мақомаш канор рафта, дар баробари додгоҳ ҳозир шавад. Ӯ гуфт, ба хотири ҳимоят аз “якпорчагии раёсатҷумҳурии Косово, тамомияти давлати Косово, ваҳдат ва шаъну шарафи шаҳрвандони Косово, мардуми Косово ва эҳтироми шарикӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ” аз мақомаш канор рафта дар баробари додгоҳ ҳозир мешавад.
Раиси парлумони Косово Вйоса Усмонӣ, ки ҳамакнун иҷрокунандаи вазифаи президенти кишвар шуд, дар як паёми видеоӣ мардумро ба ваҳдат даъват кард ва гуфт, ки Косово ба “раҳбарияти қавӣ ва бархӯрди муттаҳидкунандаи давлат” ниёз дорад.