Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон кормандон вазифадор шуданд, ҳар субҳ машқи бадан кунанд


Тамрини субҳгоҳӣ. Алмато. Акс аз бойгонӣ.
Тамрини субҳгоҳӣ. Алмато. Акс аз бойгонӣ.

Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой бо имзои фармоне қоидаи баргузор кардани машқи баданро дар маҳалли кор тасдиқ ва ҳамаи корхонаҳоро вазифадор кард, ки онро ҳамарӯза анҷом диҳанд.

Ба корхонаҳо амр шудааст, ки машқи баданро дар нимаи аввали рӯз 10-15 дақиқа баргузор кунанд, зеро тавре дар фармони вазири тандурустии Қазоқистон омадааст, он "барои ворид шудан ба кор кумак мекунад".

"Ҳадафи машқи бадан рафъи хастагии фикрӣ, барқарор кардани нерӯ, боло бурдани тавонмандии корӣ ва ҳифзу тақвияти саломатӣ аст", - гуфта шудааст дар фармон.

Дар санад ҳамчунин чанд намуди машқи бадан бо аксҳояшон оварда шудааст. Вале ба гуфтаи масъулони вазорати тандурустии Қазоқистон, ҳар як корхона дар асоси қоидаҳои тасдиқшуда ва бо назардошти навъи фаъолият, шароити корӣ, син ва ҷинси кормандонаш метавонад маҷмуи машқҳои баданро интихоб кунад.

XS
SM
MD
LG