Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз Қазоқистон нерӯи барқ мехарад


Зеристгоҳи барқии "Қара-Балта" дар Қирғизистон.
Зеристгоҳи барқии "Қара-Балта" дар Қирғизистон.

Муовини сарвазири Қирғизистон Равшанбек Собиров хабар дод, ки ин кишвар соли 2020 аз Қазоқистон 500 млн киловатт-соат нерӯи барқ харидорӣ мекунад.

Собиров 5 ноябр дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон изҳор дошт, ки ба иллатӣ кам шудани об дар обанбори Токтогул ниёзи харидории барқ аз Қазоқистон пеш омадааст.

"Феълан дар обанбори Токтогул 14,7 млрд метри мукааб об ҷамъ шудааст, ки назар ба ҳаҷми захирашудаи соли гузашта 2 млрд метри мукааб камтар аст. Бар асоси қарори ҳукумат, бо Қазоқистон 300 млн кВт/соат нерӯи барқ табодул шудааст. Ба ҷуз ин, тасмим гирифта шуд, ки то охири соли равон аз Қазоқистон 500 млн киловатт-соат барқ бо арзиши 2,4 сент барои як киловатт-соат харидорӣ шавад",-изҳор дошт Собиров.

Пештар ширкати "Северэлектро", ки 40 дарсади нерӯи барқро дар Қирғизистон таъмин мекунад, гуфт, дар мавсими тирамоҳу зимистони ҷорӣ дар он кишвар камбуди неруи барқ пешбинӣ карда мешавад. Ин камбуд ба сатҳи ками об дар обанбори Токтогул рабт дорад.

XS
SM
MD
LG