Шӯрои миллии мубориза зидди фасоди Узбекистон дар якҷоягӣ бо Оҷонси мубориза бо коррупсия, вазорату идораҳои дахлдори ин кишвар ва созмонҳои хориҷӣ дар моҳҳои ноябр ва декабри соли равон "Ҳафтаи зидди фасод"-ро баргузор мекунанд.
Ба огаҳии Оҷонси мубориза зидди фасоди Узбекистон, чорабинии мазкур ба 9 декабр - Рӯзи байналмилалии мубориза бо фасод рост меояд.
"Дар давоми як ҳафта барои омӯхтани назару пешниҳодҳои ҷомеа ва коршиносони байналмилалӣ роҷеъ ба мубориза бо коррупсия дар Узбекистон конфронсҳои байналхалқию минтақавӣ баргузор карда мешавад", - омадааст дар иттилоияи оҷонс.
Дар доираи чорабинӣ назарпурсиҳо, рӯзҳои дарҳои боз барои расонаҳо ва ҷомеа дар вазорату идораҳои давлатӣ ташкил шуда, ба хотири ташвиқи мубориза бо фасод озмунҳо баргузор карда мешаванд.
Узбекистон чандин сол аст, дар гузориши созмонҳои байналмилалӣ миёни кишварҳои фасодзадатарин қарор мегирад. Барои намуна, ин кишвар соли 2019 дар Шохиси байналмилалии фасод, ки ҳамасола созмони Transparency International тартиб медиҳад, дар миёни 180 давлат мақоми 153-умро касб карда, яке аз фасодзадатарин кишварҳо эълом шуда буд.