Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пандемия ва амрикоиҳо: натиҷаҳои экзит-пол чӣ мегӯяд?


Дар ИМА шаҳрвандон дар шароите ба интихобот рафтанд, ки мизони олудашавӣ ба коронавирус ва бистаришавии мардум хеле баланд аст. Вале бар пояи экзит-поли маркази таҳқиқотии Эдисон, пандемия яке аз чандин масоилест, ки мардуми ИМА-ро ташвиш медиҳад. Бо вуҷуди ин ки дар кишвар 9,4 миллион амрикоӣ олуда шудаву беш аз 230 ҳазор нафар ҷон додаанд, аз 10 овоздода танҳо ду нафарашон гуфтанд, ки COVID-19 масъалаи мавриди нигаронии онҳо аст.

Нисфи овоздодаҳо дар интихоботи Амрико гуфтанд, ҳарчанд коронавирус ба иқтисод таъсиргузор шуд, беҳтар аст он боздошта шавад. Сеяки овоздиҳандагон гуфтанд, ки ҳангоми интихоби президент масъалаи иқтисод барои онҳо калидӣ будааст. Натиҷаҳои пурсиши экзит-пол инчунин мавқеи мардумро ба бархӯрди ҳукумат бо пандемия ҳам ошкор кард. Аз ҷумла, аз 10 нафар чор пурсидашуда гуфтанд, ки талошҳо барои боздоштани пандемия “бисёр бад” буд.

Дар Аврупо дар вокуниш ба мавҷи дуюми пандемия кишварҳо паси ҳам маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд ва дар тамоми ин қора шумори фавтидаҳо аз коронавирус аз 270 ҳазор нафар бештар шуд. Дар Австрия, Юнон ва Шведсия рӯзи 3-юми ноябр маҳдудиятҳои нав ва дар Олмон “карантини сабук”-и якмоҳа ҷорӣ шуд.

XS
SM
MD
LG