Президент Доналд Трамп ва рақиби демократаш Ҷо Байден пирӯзиро дар иёлоте, ки дар натиҷаҳои овоздиҳӣ нақши хеле муҳим мебозанд, бо ҳам тақсим карданд. Дар иёлоти соҳилҳои шарқӣ дарҳои нуқтаҳои раъйдиҳӣ баста шудаанд ва дар қисматҳои дигар овоздиҳӣ дар ҳоли анҷом ёфтан мебошад. Дар қисматҳои ғарбии кишвар раъйдиҳандагон ҳамоно барои овоздиҳӣ мешитобанд ва ҳанӯз маълум нест, ки дар иёлоти калидии таъминкунандаи пирӯзии номзадҳо вазъ чӣ гуна аст. Интихоботи кунунии президентии ИМА-ро дар даҳсолаҳои охир бемисл меноманд, чун дар шароити маҳдудиятҳову пандемия баргузор мешавад, вале азбаски овоздиҳӣ аз қабл тавассути почта ва ҳузурӣ иҷоза дода шуд, то шурӯи овоздиҳии 3-юми ноябр беш аз 100 миллион аҳолии кишвар аллакай дар интихобот ширкат карда буданд.
Пешгӯиҳои аввал ва тасдиқношуда ин аст, ки Трамп дар иёлоти суннатан муҳофизакори Теннеси, Арканзас, Вирҷинияи Ғарбӣ, Луизиана, Миссисиппи, Индиана ва Оклаома ғолиб омадааст. Дар бораи Байден пешбиниҳо ин аст, ки дар Мериланд, Ню-Йорк, Ню-Ҷерси, Коннектикут, Род Айленд, Делавар ва Массачусетс пирӯз шудааст. Ҳарчанд ҳанӯз маълум нест, вале эҳтимолан пирӯзӣ дар иёлоти калидии Флорида насиби Трамп ва Оҳайову Каролинаи Шимолӣ - аз Байден мешавад. Ин иёлот, дар баробари Ҷорҷиа ва Пеннсилвания барои таъмини пирӯзии номзадҳо хеле муҳим мебошанд.
Пешбинӣ мешавад, ки бо сабаби хеле зиёд будани овозҳо, барои эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот чанд рӯз лозим мешавад.