Бонки Рушди АвруОсиё ба Тоҷикистон 50 миллион доллар қарз дод. Ин маблағ барои дастгирии буҷаи ҷумҳурӣ ва барои бартараф кардани пайомадҳои пандемия равона мегардад. Дар ин бора дафтари матбуоти бонк рӯзи 2-юми ноябр хабар дод. Дар шарҳи хабар гуфта шудааст, қарз ба муддати то 20 сол бо баҳра ё фоизи солонаи 1 дарсад дода шудааст. Дар соли аввал баҳраи қарз боз ҳам поинтар буда, 0,25%-и солонаро ташкил медиҳад. Қарзи 50-миллион долларӣ дар ҳолест, ки Бонки Рушди АвруОсиё кунд шудани рушди иқтисоди Тоҷикистонро бар асари коронавирус пешгӯйӣ мекунад. Тоҷикистон дар қатори Арманистону Белорус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русия узви Бонки Рушди АвруОсиё аст.
Бонки Рушди АвруОсиё ба Тоҷикистон 50 миллион доллар қарз дод
