Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти ҷустуҷӯи ҳамлагарон дар Австрия


Хохом Шломо Ҳофмейстер аз назди канисаи Вена, ки шоми душанбе макони тирандозӣ будааст, гузар мекунад. Дар саросари Австрия беш аз як ҳазор ходими амниятӣ амалиёти ҷустуҷӯи омилони тирандозиҳои рӯзи 2-юми ноябрро ба роҳ мондаанд
Хохом Шломо Ҳофмейстер аз назди канисаи Вена, ки шоми душанбе макони тирандозӣ будааст, гузар мекунад. Дар саросари Австрия беш аз як ҳазор ходими амниятӣ амалиёти ҷустуҷӯи омилони тирандозиҳои рӯзи 2-юми ноябрро ба роҳ мондаанд

Дар Вена, ки шоми 2-юми ноябр дар чанд нуқтааш тирпаронӣ сурат гирифт ва дастикам се нафар куштаву чанд нафар маҷрӯҳ шуд, амалиёти ҷустуҷӯи омилон ҷараён дорад. Ҳодисаҳои дирӯзро садри аъзами Австрия Себастиан Куртс ҳамчун “ҳамлаи террористии нафратовар» маҳкум кард. Субҳи 3-юми ноябр вазири умури дохилӣ Карл Неҳаммер ба хабарнигорон гуфт, ки дар паи ҳамлаҳои шоми рӯзи душанбе ду мард ва як зан ҷон доданд. Ҳамлагари эҳтимолӣ, ки бо худ силоҳ дошту камарбанди худкушонааш воқеӣ набуд, аз тири полис ҷон дод. Матбуот дертар гуфт, ки як зан ва нафари чоруми маҷрӯҳшуда ҳам даргузашт. Маълум нест, ки дар ҳамлаи рӯзи душанбе чанд ҳамлагар иштирок кард, вале Неҳаммер гуфт, ки ба бовари мақомот ҳамлагарон аз як нафар бештар буданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло 1000 ходимони амниятӣ дар маҳаллаҳои мухталифи кишвар амалиёти ҷустуҷӯи ҳамлагаронро ба роҳ мондаанд ва бархе кишварҳои ҳамсоя ҳам гуфтанд, ки ёрии худро пешниҳод мекунанд. Ӯ гуфт, ки фарзияҳои пешакӣ ин аст, ки ин шахс нисбат ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” дилгармӣ доштааст. Вазири дохилии Австрия бори дигар аз шаҳрвандони кишвар тақозо кард, ки дар хона бимонанд.

Қаблан шаҳрдори Вена Майкл Людвиг гуфт, ки 15 нафар ба беморхонаҳо бурда шуданд ва ҳафт нафари онҳо дар ҳолати сангин қарор доранд. Полис гуфт, ки дар ин ҳамла инчунин як афсари полис осеб дидааст. Полис гуфт, ки тирандозӣ дар навоҳии наздик ба маркази шаҳр дар соатҳое шурӯъ шуд, ки пеш аз дубора ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои сартосарӣ бо сабаби пандемия мардум аз озодии нисбӣ истифода карда шаби охирро дар тарабхонаву барҳои маҳаллӣ пуштисар мекарданд.

XS
SM
MD
LG