Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба донишгоҳи Кобул 19 кас ҷон дод


Марди дар ҳамла ба донишгоҳ маҷрӯҳшуда
Марди дар ҳамла ба донишгоҳ маҷрӯҳшуда

Дар ҳамлаи силоҳбадастон ба донишгоҳи Кобул, ки мизбони як намоишгоҳи китоби Афғонистону Эрон буд, 19 нафар кушта шуд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон даст доштани ин гурӯҳ дар ҳамларо рад кардааст. То ҳол ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ҳамлаи рӯзи 2-юми ноябрро ба дӯш нагирифтааст.

Тариқ Ориён, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки афроди мусаллаҳ вориди бинои донишгоҳ шуда оташ кушоданд ва дар рӯёрӯиҳои чандинсоата дасти кам 19 нафар куштаву 22 тан захмӣ шуданд. Ба иттилои Ориён, дар оташи ҷавобӣ се ҳамлагар кушта шуд. Шоҳидон мегӯянд, ки пеш аз тирандозӣ як таркише ҳам рух дод. Тирандозиву рӯёрӯӣ дар донишгоҳи Кобул беш аз панҷ соат идома кард ва садои тирандозӣ бештар аз дохили бинои донишгоҳ ба гӯш мерасид. Донишгоҳ дар тамоми муддати ин ҳамла таҳти иҳотаи нирӯҳои амниятӣ қарор дошт.

Стефано Понтекорно, намояндаи аршади гурӯҳи мадании НАТО дар Кобул ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, “дар даҳ рӯзи ахир ин ҳамлаи дуюм ба як муассисаи таълимӣ дар Кобул аст. Кӯдакону ҷавонон дар Афғонистон бояд барои рафтан ба мактаб худро амн эҳсос кунанд”. Дар ҳамлае, ки моҳи гузашта дар як маркази таълимӣ сурат гирифт, 24 нафар, асосан донишҷӯҳо кушта шуданд. Матбуоти Афғонистон гуфт, ки лаҳзаҳои ҳамла ва тирандозӣ дар дохили донишгоҳ ширкатдорони як намоишгоҳи китоб ҷамъ шуданд ва дар миёни онҳо афроди баландпояву боэътибор низ буданд.

Мақомоти Афғонистон нахостанд роҷеъ ба намоишгоҳи китоб сӯҳбат кунанд, вале оҷонсии нимарасмии ISNA рӯзи 1-уми ноябр навишт, ки қарор аст дар расми ифтитоҳи ин намоишгоҳ сафири Эрон Баҳодур Аминиён ва атташеи фарҳангӣ Муҷтабо Наврӯзӣ иштирок хоҳанд кард. Дар ин намоишгоҳ қарор буд тахминан 40 чопхонаи эронӣ маҳсулоташро ба намоиш мегузошт.

Роҳи назди донишгоҳи Кобул дар иҳотаи амниятиҳо
Роҳи назди донишгоҳи Кобул дар иҳотаи амниятиҳо

Соли гузашта дар натиҷаи ҳамла ба даромадгоҳи донишгоҳ 8 нафар кушта шуд. Соли 2016 афроди мусаллаҳ ба донишгоҳи амрикоии Кобул ҳамла карда 13 нафарро куштанд. Моҳи октябр гурӯҳи “Давлати исломӣ” як бомбгузори маргталабашро ба як маркази таълимии воқеъ дар маҳаллаи шианишини Кобул дар Дашти Барчӣ фиристод ва дар ин ҳодиса 24 донишҷӯ ҷон дод.

Дар ҳодисаи ҷудогонае рӯзи 2-юми ноябр дар таркиши минаи сарироҳӣ дар вилояти ҷанубии Ҳилманд дастикам 7 мулкӣ, аксар занону кӯдакон кушта шуданд. Бо вуҷуди ин ки ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон барои хатми ҷанги қариб 40-сола дар Афғонистон дар давлати Қатар сари мизи гуфтушунид нишастаанд, хушунат дар ин кишвар поён наёфтааст. Бар асоси созиши моҳи феврали ҳукумати ИМА ва Толибон, ки музокироти байниафғонӣ як бахши он аст, қарор аст инчунин нирӯҳои ИМА ва НАТО ҳам Афғонистонро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG