Дар як рӯз дар Русия 18 ҳазору 665 нафарро ҳамчун гирифтор ба бемории коронавирус сабт кардаанд.
Аз оғози пандемияи коронавирус ҳеҷ гоҳ дар Русия дар як рӯз чунин шумораи гирифторонро сабт накарда буданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС хабар додааст.
Рӯзи якшанбе мақомоти Русия гуфтанд, ки теъдоди умумии гирифторони коронавирус ба 1 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Ба гуфтаи онҳо, беш аз як миллиону 200 ҳазор нафар шифо ёфтааст ва наздики 29 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтидааст.
Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд, аз ин рӯ, вазъ дар ин кишвар ҳамеша ба Тоҷикистон таъсир мерасонад.