Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, агар доманаи даргирӣ ба марзи Арманистон бирасад, "кумаки зарурӣ" хоҳад кард


Владимир Путин ва Никол Пашинян
Владимир Путин ва Никол Пашинян

Русия мегӯяд, агар домани даргириҳо миёни Арманистону Озарбойҷон бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ ба қаламрави Арманистон бирасад, Маскав ба Ереван "кумаки зарурӣ" хоҳад расонд. Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия рӯзи 31-уми октябр дар баёнияе эълон кард ва айни замон аз ҷонибҳо хост, хушунатро ҳарчи зуд коҳиш диҳанд. Пештар Никол Пашинян, сарвазири Арманистон, аз раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин хостааст, ки баҳсҳои фавриро дар бораи кумаки амниятӣ оғоз кунад. Пашинян гуфтааст, хушунат ба марзҳои Арманистон дар ҳоли наздик шудан аст ва Туркия, муттаҳиди Озарбойҷон, аз Боку пуштибонӣ мекунад. Арманистон ва Озарбойҷон як рӯз пеш тавофуқ карданд, ки ҳадаф қарор гирифтани ғайринизомиёнро ҷилавгирӣ мекунанд. Бо вуҷуди тавофуқи севуми оташбас, даргирӣ миёни ду кишвар идома дорад. Ин даргириҳо 27-уми сентябри имсол оғоз шуда буд.

XS
SM
MD
LG