Иттиҳодияи сабтиномнашудаи "Нағиз Атажұрт" дар Қазоқистон хабар дод, ки қазоқҳои фирорӣ аз Чин Кайш Акан ва Багашар Малиқулӣ барои як сол ҳаққи паноҳандагиро дар ин кишвар дарёфт карданд. Вакилони дифои онҳо низ ин хабарро тасдиқ карданд.
Малиқулӣ изҳор дошт, ки ҳаққи муваққатии паноҳандагӣ дар Қазоқистонро дарёфт намудааст. "Ман 28-уми октябр ҳуҷҷати паноҳандагиро дар Талдиқурғон гирифтам. Барои як сол доданд. Гуфтанд, феълан бо ин ҳуҷҷат гардед, баъдан боз мебинем", - шарҳ дод ӯ.
Додгоҳи Қазоқистон пештар Кайш Аканро, ки аз Чин ба ин кишвар фирор карда буд, дар "убури ғайриқонунии марз" муттаҳам кард ва шартан шаш моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Акани 43-сола гуфт, ба далели тарс аз таъқибҳои мақомоти Чин ва эҳтимоли фиристода шуданаш ба "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ" марзи Қазоқистонро ғайриқонунӣ гузаштааст.
Пеш аз ин, 17-уми октябр ду қазоқи дигар аз Чин - Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Олимулӣ ҳам барои як сол дар Қазоқистон паноҳандагӣ пайдо карданд.
Мусохонулӣ ва Олимулӣ моҳи октябри соли 2019 аз Шинҷони Чин фирор ва тавассути убури марз вориди Қазоқистон шуданд. Ба маҳзи ворид шудан ба Қазоқистон, онҳо нишасти хабарӣ баргузор ва сабабҳои фирорашон аз Чинро нақл карданд. Ба гуфтаи Мусохонулӣ ва Олимулӣ, мақомоти Чин уйғурҳо, қазоқтаборон ва дигар мардуми бумии Шинҷонро, ки асосан пайрави ислом ҳастанд, таъқиб мекунанд.