Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафовути омори фавтидаҳо аз COVID-19 дар таҳқиқоти журналистони рус


Акс аз крематорий. Ҳинд, Деҳлии Нав. Корманди идораи сӯзондани ҷаноза дар назди як ҷасади қурбонии СOVID-19 истодааст
Акс аз крематорий. Ҳинд, Деҳлии Нав. Корманди идораи сӯзондани ҷаноза дар назди як ҷасади қурбонии СOVID-19 истодааст

Вебсайти "Фонтанка" бо такя ба санадҳои як крематорий – идораи масъули сӯзондани ҷаноза дар шаҳри Санкт-Петербург менависад, ки аз 14-уми апрел то 27-уми октябр дар ин ҷо 5868 ҷасади афроди даргузашта аз СOVID-19-ро оташ задаанд. Бар асоси омори расмии ситоди фавқулодда, то ин рӯз дар шаҳри Санкт-Петербург шумори фавтидаҳо бар асари коронавирус 3674 нафар ҳисоб шудааст ва тафовут дар омор 2194 нафарро ташкил медиҳад.

Вебсайти хабарӣ бо такя ба дафтари қайди нобудкунии ҷасадҳо мегӯяд, ки омори сӯзондани ҷасадҳои фавтидаҳо аз СOVID-19 ба таври ҷудогона сабт шудааст.

Вебсайти "Медиазона" бо такя ба иттилои расмӣ мегӯяд, ки дар фосилаи аз 14-уми апрел то 27-уми октябр дар шаҳри Санкт-Петербург аз коронавирус 5885 нафар ҷон додаанд.

Дар Русия маркази федеролии мубориза бо коронавирус мегӯяд, ки то ҳол беш аз 27 ҳазор нафар аз ин беморӣ ҷон додаанд. Ба ин омор танҳо онҳое ворид шудаанд, ки сирояти коронавирусӣ ҳамчун манбаи аслии марги инсон то колбадшикофии ҷасадҳо сабт шудааст. Вале омори бар асари COVID-19 даргузаштани инсон баъди колбадшикофӣ болотар аст. Санҷидани сабаби марги инсон аз роҳи колбадшикофӣ як қоидаи ҳатмӣ дар беморхонаҳои Русия мебошад ва Росстат ё идораи омори Русия ин оморро хеле болотар – 45,662 нафар арзёбӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG