Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: "Як сокини Ваҳдат ду мошини борбарро дар ҳолати мастӣ оташ задааст"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як сокини шаҳри Ваҳдат ба иттиҳоми ба оташ кашидани ду автомашинаи борбар боздошт шудааст. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 30-юми октябр хабар дод, ки ҳодиса шаби гузашта дар ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, Ҳамроҳиддин Раҷабови 50-сола дар ҳолати мастӣ бинобар 9 моҳ напардохтани маблағи таваққуфгоҳи "Пахта", ду мошини борбари тамғаи "Дулан" ва "Мерседес"-и Илҳом Зеваровро ба оташ кашидааст. Манбаъ мегӯяд, ки ба ин ду мошини борбар зарари техникӣ расидааст.

Ҳамроҳиддин Раҷабов аз сӯи маъмурони пулис боздошт шуда ва ҳамакнун тафтишот идома дорад.

Назари Ҳамроҳиддин Раҷабов ва наздиконаш дар робита ба ин ҳодиса то ба ҳол маълум нест.

XS
SM
MD
LG