Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Facebook ва Twitter ба саволҳои сахти Сенат посух медиҳанд


Марк Тсукерберг, раҳбари калони шабакаи иҷтимоии Facebook соли 2018 ҳам ба саволҳои Сенат посух дода буд
Марк Тсукерберг, раҳбари калони шабакаи иҷтимоии Facebook соли 2018 ҳам ба саволҳои Сенат посух дода буд

Раҳбарони калони ширкатҳое, ки шабакаҳои иҷтимоиву интернетии Facebook, Twitter ва Google-ро ба ӯҳда доранд, рӯзи 28-уми октябр дар як ҷаласаи Сенат ба раҳбарии ҷумҳурихоҳҳо ҳозир мешаванд. То интихобот камтар аз як ҳафта мемонад ва президент Доналд Трампу дигар ҷумҳурихоҳҳо шикоят кардаанд, ки ин шабакаҳо на танҳо мавзеъгирии якҷониба доранд, балки назари муҳофизакоронро ҳам пахш мекунанд. Садои интиқодҳо баъди он баландтар шуд, ки Facebook ва Twitter роҳҳои паҳн кардани як гузориш дар бораи номзади демократҳо Ҷо Байденро, ки дар нашрияи New York Post чоп шуда буд, маҳдуд карданд. Дар ин гузориш бар пояи иттилои ғайри қобили тасдиқ мукотибаҳои имейлии писари Байден – Ҳантер Байден нашр шуд, ки ба замони кораш дар ширкати украинии “Burisma” бармегардад. Трамп шабакаҳои иҷтимоиро дар он гунаҳгор кард, ки ширкатҳо дар талоши пахш ё саркӯби ин гузориш мебошанд. Ширкатҳо иттиҳоми якҷонибагиро рад карданд.

XS
SM
MD
LG